Пирӯзии тирандоз Малика Лагутенко

Тавре торнамои расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  хабар дод, варзишгари ҷавон Малика Лагутенко  дар сабқати ниҳоии чемпионати  Осиё оид ба тирандозӣ дар Кувайт   аз туфанг ба масофаи 10 метр байни духтарон бо натиҷаи 204,9 имтиёз мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар ин бора ба, рӯзи 4 ноябр Вай афзуд,

-Мусобиқаи XIII қаҳрамонии тирандозии Осиё мувофиқи сину соли ширкаткунандагонаш дар се гурӯҳ – наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – дар пойтахти Кувайт то рӯзи 12-уми ноябр идома хоҳад кард, -  гуфт дабири кулли Федератсияи тирандозии Тоҷикистон Темур Лагутенко. - Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз Маликаи 15-сола, инчунин Далер Ёров ва Тоҷиддин Валиев  шомил мебошанд. Далер байни навҷавонон ва Тоҷиддин миёни бузургсолон дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр вориди сабқат мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи қитъавӣ бо маблағгузории Федератсияи тирандозии Тоҷикистон, ки раиси он Беҳзод Файзуллоев мебошад, ширкат дорад.

Эълони бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо Бангладеш

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Мубин Эргашев ҳайати мунтахаби кишварро дар бозии навбатии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Бангладеш эълон кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Вале дар бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш легионерҳо – ҳимлагарон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Русия) ба иллати хориҷшавӣ ширкат намеварзанд.

Ба мунтахаби Тоҷикистон ду бозигари ҷавон – ҳимоятгарон Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаров – даъват шудаанд. Ҳарду дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифтаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш рӯзи шанбеи 7 ноябр шурӯъ мекунад.

Фарҳод Восиев "барои таҳқири сардовар" аз 4 бозӣ маҳрум шуд

Ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев бо тасмими кумитаи одоби Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) аз ҳаққи ширкат дар чаҳор бозӣ маҳрум шуд.

Ба чунин ҷазо футболбози тоҷик барои таҳқири сардовари бозии даври панҷуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили тими миллии Қирғизистон, ки 8-уми октябр дар Бишкек бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт, гирифтор шудааст. Фарҳод Восиев дар замони изофӣ, вақте ки сардовар Муд Бунёдифард ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард, корти сурх гирифт.

Фарҳод, ки бародари хурдии Дилшод Восиев мебошад, ба иллати корти сурх дар бозӣ муқобили тими миллии Урдун (0:3) ширкат надошт.

Фарҳод Восиев, ки бозигари бошгоҳи футболи «Газовик»-и Оренбурги Русия мебошад, маҷбур аст боз дар се бозии боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муқобили тимҳои миллии Бангладеш (12 ноябри соли 2015), Австралия (24 марти соли 2016) ва Қирғизистон (29 марти соли 2016) иштирок нанамояд.

Пирӯзии қаиқрони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё

Варзишгари 18-солаи тоҷик Шаҳриёр Даминов, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ, ки 8 ноябр дар шаҳри Палембанги Индонезия ба анҷом расид, дар каноэи яккаса байни навҷавонон ба масофаи 200 метр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, сармураббии дастаи мунтахаби қаиқронии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “ дар ин мусобиқаи қитъавӣ варзишгарони 44 кишвар ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомил буд. Танҳо ба қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов муяссар шуд, ки ба ватан бо медал баргардад."

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, сокини 18-солаи Душанбе, ягона варзишгари тоҷик буд, ки имсол дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни навҷавонон намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати каноэи яккаса дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гуруҳи "В" мақоми аввалро гирифт ва ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Даминов дар ҷамъбасти умумӣ ҳафтум шуд. Ин натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр дар таърихи ин навъи олимпии варзиш дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст.